Кабинети методӣ

Мудири кабинети методии шуъбаи маориф
Баротов Беҳзод Қурбонович

Роҳбарӣ аз болои кори мутахассисони кабинети  методӣ, тасдиқи реҷаи кори мутахассисони марказ, ташкили семинару курсҳои такмили ихтисос, омухтан ва паҳн намудани таҷрибаи омузгорони навҷуй ва эҷодкор, ёрии методӣ расонидан ба мутахассисони ҷавон.

Омухтани таҷрибаи пешқадами директор ва муовинони директори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ ва паҳн намудани он.

 

ВАЗИФАҲОИ  КАБИНЕТИ МЕТОДӣ: Таъмини ҳамкории кабинети методӣ бо зерсохторҳои дигари шуъбаи маориф таъмин намудан, омухтани риштаҳои таълим, ба роҳбарону муаллимони муассисаҳо ёрии амалӣ расонидан, вазъи таълиму тарбияро дар муассисаҳо омухтан ва ҷамъбаст намудан, машғулиятҳои методии шаҳрӣ ва муассисавию байнимуассисавиро ташкил ва ба танзим даровардан. Назорати фаъолияти мутахассис оид ба натиҷаи меъёри санҷиши идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳо. Бурдани корҳои таблиғотӣ, таъмин бо маводҳои тестӣ, аз ҷума китобчаҳои тестӣ аз руи кластерҳо, мунтазам омузиш, ҷамъоварӣ ирсоли  омор ҷиҳати дохилшавии хатмкунандагон ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Назорат аз болои кори маҷҷалаи “Маорифи Ҳисор”

Ташкил ва назорати семинар-машварати  доимоамалкунандаи муовинони директорон оид ба корҳои таълимии муассисаҳои таҳсилотӣ, омузгорони фаннии муассиаҳои таълимӣ, масъалаи обуна ба матбуоти даврии кормандони соҳаро танзим намудан. Назорат бурдан аз руи рафти иҷрои  як  қисми Барномаи давлатӣ, гузаронидани озмунҳои “Муаллими сол”, “Мураббии сол”, “Мактаби сол” инчунин доир ба фанҳои таълимӣ.

Ному насаб

вазифа

Ҷамоати вобасташуда

1. Буриев Илҳомидин Мушовири кабинети методӣ  
2. Неъматов Бобораҷаб Мушовири синфҳои ибтидоӣ Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Куҳӣ
3. Мирсаидов Ашуралӣ Мушовири фанни математика  
4. Иброҳимов Сайфулло Мушовир оид ба корҳои тарбиявӣ  
5. Зиёев Равшан Мушовири фанни география, асосҳои иқтисодиёт ва экология Ҷамоати деҳоти Ҳисор
6. Холов Фарҳод Мушовири фанни суруд ва мусиқӣ Ҷамоати деҳоти Сомон
7. Аминов Маъруф Мушовири фанни таърих ва асосҳои давлат ва  ҳуқуқ Ҷамоати деҳоти алмосӣ
8. Холиқов Бузургмеҳр Мушовири фанни тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ  
9. Мирзоев Далер Мушовири фанни технологияи меҳнат Ҷамоати шаҳраки Шарора
10. Каримов Хайрулло Мушовири синфҳои ибтидоӣ Ҷамоати деҳоти Ориён
11. Ниматов Азимулло Мушовири фанни  биология Ҷамоати шаҳраки Ҳисор
12. Рузиев Исломҷон Мушовири фанни химия  
13. Камолов Баҳодур Мушовири фанни забон ва адабиёти тоҷик, мутассадии муассисаҳои томактабӣ Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод
14. Шониёзов Дониш Мушовири фанни физика ва астрономия Ҷамоати деҳоти Дурбат
15. Холиқова Шаҳло Мушовири синфҳои ибтидоӣ Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо
16. Назарова Зулфия  Мушовири кабинети методӣ Ҷамоати деҳоти М.Турсунзода