Душанбе, 18-уми январи соли 2023

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 ва омодасозии онҳо барои сари вақт огоҳ намудани ҷомеаи васеи шаҳрвандон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, бо низоми ИМД курси шиносоиро дар се сатҳ: ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мекунад.

Вобаста ба ин 16-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Марказ курси шиносоӣ бо намояндагони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва шаҳри Душанбе доир гашт.

Дар давоми 2 рӯз дар ду сатҳи аввал моҳи январ ва дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ дар давоми моҳи феврал доир ба талаботу қоидаҳои муқарраршуда барои бақайдгирии довталабон ва мавзуъҳои дигари дахлдор дарсҳо сурат мегиранд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърузаҳои хурд, маводди чопию электронӣ ва ғайраро истифода мекунанд.

Замону макони баргузории курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар сатҳ (давр)-и аввал барои 137 нафар корманди муваққатии Марказ – таблиғгарон дар соли 2023 вобаста ба минтақаҳо чунин аст:

– барои таблиғгарони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор – 16-ум то 17-уми январи соли 2023 (шаҳри Душанбе);

– барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 16-ум то 17-уми январи соли 2023 (шаҳри Хоруғ тавассути бархат (онлайн) аз шаҳри Душанбе);

– барои таблиғгарони ноҳияҳои минтақаи Рашт – 16-ум то 17-уми январи соли 2023 (ноҳияи Рашт тавассути бархат (онлайн) аз шаҳри Душанбе);

– барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон – 19-ум то 20-уми январи соли 2023 (шаҳри Бохтар);

– барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон – 19-ум то 20-уми январи соли 2023 (шаҳри Кӯлоб);

– барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд – 19-ум то 20-уми январи соли 2023 (шаҳри Хуҷанд).

Сатҳи дуюми курси шиносоӣ барои 3754 нафар намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ рӯзҳои 26-ум то 27-уми январи соли 2023 ва сатҳи сеюми курси шиносоӣ барои зиёда аз 150000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии зикршуда (дар заминаи синфи 9-ум ва 11-ум) давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар анҷоми курси шиносоӣ донишҳои азхудкардаи иштирокдорони сатҳи аввал вобаста ба мавзуъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ аз тариқи тест санҷида мешавад.

Бояд қайд кард, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Марказ оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2023 аз 1-уми феврал то 10-уми март, дар баробари мониторинги рафти курси шиносоӣ дар сатҳи сеюм, вохӯриҳои кормандони муваққатии Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модарон пешбинӣ шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

от admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *